МУШТАРИИ МУҲТАРАМ! бехатари маҳсулот муроҷиат карданро тавсия менамояд. Ширкати «Samsung Electronics Co., Ltd» («Самсунг Электроникс Ко., Лтд»), ширкати асосии гуруҳи Samsung Electronics мебошад, ки молҳои (маҳсулот)-и Samsung (минбаъд дар матн - «Истеҳсолкунанда»)-ро истеҳсол мекунад, воқеъ дар суроғаи: Ҷумҳурии Корея, (Мэтан-донг) 129, Самсунг-ро, Енгтонг-гу, ш. Сувон, Кёнги-до, санаи 13.01.1969 сол дар Мақомоти бақайдгирии суди ноҳиявии ш.Сувон (рақами бақайдгирии № 000905) ба қайд гирифта шудааст ва ба Шумо барои интихоби ширкати мазкур миннатдории беандозаро изҳор менамояд.
Мо ҳамаи имкониятҳоро истифода намудем, то ки маҳсулоти мазкур дархостҳои Шуморо қонеъ гардонда, сифати он ба намунаҳои беҳтарини ҷаҳонӣ мувофиқат намояд. ОБРАЗЕЦ Шумо метавонед маълумотро оиди суроға ва телефонҳои Марказҳои Ваколатдори Хизматрасонӣ (МВХ) тавассути муроҷиат ба «Хадамоти ягонаи дастгирӣ» ва ё дар сомона www.samsung.com дастрас намоед. Мо қотеона ба Шумо тавсия медиҳем, ки ҳангоми ба вуҷуд омадани ягон мушкилот вобаста ба истифодабарии маҳсулот ё коршоямии он ба МВХ муроҷиат намоед.
Тамоми маҳсулоти «Самсунг Электроникс Ко., Лтд.», ки барои интиқол ба ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН таъин шудаанд, бо назардошти шароитҳои истифодабарии кишвари мутобиқ истеҳсол карда мешаванд ва мувофиқи талаботи қонунгузории кишвари мутобиқ дар маҳсулот ва борпечи он рамзҳои расмии мутобиқат зикр мешаванд. «Самсунг Электроникс Ко., Лтд.» муҳлати хизмати таҷҳизоти маишӣ (бытовая техника) – 7 сол, телевизорҳо, мониторҳо, ҳавокашҳо, аудио-, видеотаҷҳизот – 5 сол, телефонҳои мобилӣ, планшетҳо, модемҳо, проекторҳо – 3 сол бо шарти риояи қоидаҳои истифодабарӣ муқаррар намудааст.
Барои эмин мондан аз нофаҳмӣ аз Шумо хоҳиш менамоем, ки Дастурамали истифодабаранда, шароитҳои уҳдадориҳои кафолатиро бодиққат омузед, дурустии пуршавии талони кафолатиро тафтиш намоед. Фурӯши маҳсулот бояд мувофиқи қонунгузории амалкунанда ба амал оварда шавад. Талони кафолатӣ танҳо дар сурати мавҷуд будани маълумоти саҳеҳ ва дуруст зикршуда: намуд, рақами силсилавии маҳсулот, санаи фуруш, муҳрҳои саҳеҳ гузошташудаи ширкати фурушанда, имзои муштарӣ эътибор дорад. Намуд ва рақами силсилавии маҳсулот бояд ба намуд ва рақамҳои дар талони кафолатӣ зикршуда мутобиқат намоянд.
Муҳлати хизмати таҷҳизотҳое,ки ба Точикистон интиқол мешаванд, аз рӯзи истеҳсоли маҳсулот ҳисоб карда мешавад, ба шарте ки дар дастури истифодабарии маҳсулот махдудияти дигаре муқаррар нагардида бошад. Маҳсулот бояд мувофиқи аломатҳои коркард (агар мавҷуд бошад) ва дар борпечи аслии истеҳсолкунанда нигоҳ дошта шавад ва интиқол дода шавад. Намшавии борпечро пешгирӣ намоед. Ҳангоми вайрон кардани ин шартҳоро ва инчунин дар ҳолате, ки маълумоти муайян дар талони кафолатӣ тағир шуда, тоза шуда ё аз нав навишта шуда бошад , талони кафолатӣ беэътибор мешавад. Дар ин ҳолат барои гирифтани кафолати хизматрасонӣ, ҳуҷҷати хазинаи дастгоҳ ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи санаи хариди дастгоҳ зарур аст.
Дар ҳолате, ки агар Истеҳсолкунанда ҳангоми ба итмом расидани муҳлати хизмат ба Маркази Ваколатдори Хизматрасонӣ (МВХ) барои гузаронидани корҳои профилактикӣ ва гирифтани тавсияҳои минбаъдаи истифодаи 52