рӯшноӣ дар дастури истифодабаранда шарҳ дода шудааст); б) ноқилҳои пайвастшавӣ (дар сурате, ки онҳо қисми таркибии манбаи нерўдиҳии беруна бошанд), гўшмонакҳо, ҳомилҳои иттилоотии навъҳои гуногун (дискҳо бо ТБ ва драйверҳо, кортҳои хотира); в) ғилофҳо, ҷузвдонҳо, тасмаҳо, ноқилҳо барои таҳвил, маснуоти васлкунӣ, асбобҳо, ҳуҷҷатгузории ба маҳсулот замимашаванда г) таъминоти барномавӣ (ТБ) ва драйверҳое, ки дар бастаи маҳсулот дар ҳомилҳои иттилоотии навъҳои гуногун (азҷумла, бемаҳдудияти ТБ-и ба махзани дар дискҳои сахти магнитии маҳсулот насбшуда) таъмин карда мешаванд, инчунин азнавсозӣ ва насби ТБ, ба истиснои ҳолатҳое, ки зарурати мазкур бо сабаби корношоямии маҳсулот, ки бо айби Истеҳсолкунанда ба вуҷуд омадааст, пеш омада бошад.
Ба тариқи илова: ва хизматрасонии ройгони сервисиро дар ҳолатҳои зерин амалӣ наменамояд:
ОБРАЗЕЦ а) агар маҳсулоти барои истифодаи шахсӣ (маишӣ, оилавӣ) таъиншуда барои амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ, инчунин бо мақсадҳои дигари ба таъиноти бевоситааш номутобиқ истифода шуда бошад; б) дар ҳолати вайронкунии қоида ва шартҳои истифода, насби маҳсулот, ки дар Дастурамали истифодабаранда ва ҳуҷҷатгузории дигар зикр шуда, ба истеъмолкунанда дар маҷмўъ бо маҳсулот супорида мешавад; в) агар маснуот нишонаҳои таъмири беихтисос дошта бошад(истифодаи қисмҳои эҳтиъети оригинали набошад, кушодани ва таъмиркардани маснуот бо шахсони беваколатдори Истеҳсолкунанда); г) агар нуқс бо тағирдиҳии сохтор ё нақшаи сохтории маҳсулот, васли таҷҳизоти берунаи аз ҷониби Истеҳсолкунанда пешбининагардида вобаста бошад; д) агар нуқс таҳти таъсири қувваи рафънопазир, ҳолатҳои нохуш, амалҳои барқасд ё ғайриэҳтиёткоронаи истеъмолкунанда ё шахсони сеюм ба вуҷуд омада бошад; е) агар осебҳои механикӣ пас аз ба истемолкунанда супоридани маҳсулот ба вуҷуд омада бошанд; осебҳое, ки бо таъсири намӣ, ҳарорати баланд ва паст, зангзанӣ, оксидшавӣ, ба дохили маҳсулот ворид шудани ашёҳои бегона, маводҳо, моеъҳо, ҳашарот ё ҳайвонот дарёфт гарданд; ж) агар тозакунии аудио-видеосаракҳо, тасмаҳо барои хониши иттилоот аз ҳомилҳои навъҳои гуногун зарурат дошта бошад; з) агар осебҳо (нуқсҳо) бо таъсири вирусҳои харобкори компутерӣ ва барномаҳои ба онҳо шабеҳ; насб, иваз ва соқиткунии рамзкушоҳо а) ях донҳо:
буйнишонҳо, покизак унандаи ҳаво (биодезодораторҳо), филтрҳо, рафҳо, қуттиҳо, тагмонҳо ва дигар зарфҳои нигоҳдории маҳсулоти ғизоӣ; б) тафдонҳо ва тафдонҳои микромавҷӣ: панҷараҳо, сихҳо, зарфҳо барои пухтупаз, зарфҳои гилӣ, зарфҳо барои пухтупази конвексионӣ, зарфҳо барои зирбонидан, зарфҳои барои об, асбоби буғпазӣ, сарпўши асбоби буғпазӣ, деги асбоби буғпазӣ; сатҳи пӯхтупази газӣ, сарпӯшҳои дошиҳо, ҷудокунакҳои дошиҳо, пояҳо барои зарфҳо; в) чангкашакҳо: рудаҳо, қубурчаҳо, молаҳо, қисмҳои насбшаванда, махзанҳо барои чанг, филтрҳо; г) мошинҳои ҷомашўӣ ва зарфшуӣ: рўдаҳои обтаъминкунанда; д) кондитсионерҳо ва ҳавокашҳои ошхона: филтрҳо. 5.
Истеҳсолкунанда барои уҳдадориҳои кафолатӣ масъул нест 54