samsung WC2608 — Samsung WC2608 MON Warranty Card & User Guide PDF

(рамзҳои рақамӣ)-и маҳсулот, модификатсия ва (ё) азнавнасбкунии ТБ-и ба маҳсулот пешнасбкардашуда, насб ва истифодаи ТБ-и истеҳсолкунандаҳои сеюм (ғайриаслӣ), форматкунии махзанҳо дар диски сахти магнитӣ; истифодаи рамзҳои сервисӣ; и) агар нуқсон дар натиҷаи фартутшавии табиӣ ҳангоми истифодабарии маҳсулот ба вуҷуд омада бошад.

Ҳангоми ин таҳти фартутшавии табиӣ натиҷаҳои истифодабарии маҳсулот, ки бадшавии ҳолати техникӣ ва намуди зоҳириро бо сабаби истифодаи дарозмуддати маҳсулоти мазкур ба вуҷуд оварданд, фаҳмида мешавад; к) агар осебҳо (нуқсонҳо) бо сабаби номутобиқатӣ ба стандартҳо ё регламентҳои техникии шабакаҳои таъминотӣ, ноқилӣ, телекоммуникатсионӣ, шиддати радиомавҷ, азҷумла бо сабаби хусусиятҳои сатҳи замин ва дигар омилҳои берунаи шабеҳ, истифодаи маҳсулот дар ҳудуд ё берун аз ҳудуди амали шабака, ба маҳсулот насб намудани таҷҳизоти номутобиқ ё нуқсондори беруна ба вуҷуд омада бошанд; л) агар осебҳо бо сабаби истифодаи маводҳои хароҷотӣ, лавозимот, қисмҳои эҳтиётӣ, унсурҳои таъминотӣ, ҳомилҳои иттилоотии навъҳои гуногун (азҷумла, аммо бемаҳдудият кассетаҳои аудио- ва видеосабт, CD, DVD-дискҳо, кортҳои хотира, SIM-кортҳо, картриҷҳои ғайристандартӣ (ғайриаслӣ) ва (ё) бесифат (ноқис) ба вуҷуд омада бошанд; м) агар нуқсонҳо бо сабаби қабул, насб ва истифодаи контенти номувофиқ (оҳанг, файлҳои графикӣ, видео ва дигар файлҳо, замимаҳои Java ва барномаҳои ба онҳо шабеҳ) ба вуҷуд омада бошад; н) агар маълумоти дар тамғақоғазҳои тиҷоратии маҳсулот ислоҳшуда ё рангпарида бошанд, инчунин дар ҳолати мавҷуд набудани тамғақоғазҳои тиҷоратӣ дар маҳсулот; о) агарқутии дисплеи касбии (LFD) тасдиқнашуда истифода шуда бошад; п) ҳама гуна зараре, ки дар натиҷаи риоя накардани дастурҳои истифодабарӣ ё хизматрасонии техникӣ, ки дар ҳама гуна дастурамал ё дастури корбар мавҷудбуда, (дар маҷмӯъ бо маҳсулот аст).

6. Истифодаи ин махсулот (TV; Monitor) дар мухити тичорати ва сохибкори манъ карда мешавад ва зерин махдуд бар мегирад: хар истифодаи аз гирифтани фоида ва е манфиати молияви, расми намоиши, бархо ва тарабхонахо е ба хар гуна истифодаи тичоратии муттасили е намоиши дарозмуддати хабар, бењаракат е мукаррарнамудаи тасвирхо монанди чадвали, ва хамчунин расмхои дар формати 4:3 е видеоконтентхо бо доим нуктахои (раххои) сиех эхсос намекунанд. 7.

Танзим ва насб (пайвасткунии ҷузъҳо, бакорандозӣ ва ғ.) –и маҳсулот, ки дар ҳуҷҷатгузории замимашудаи он шарҳ дода шудаанд, метавонад ҳам аз ҷониби худи истеъмолкунанда, ҳам аз ҷониби мутахассисони МВХ равияи мутобиқ ва ширкатҳои фуруш (дар асоси хизматрасонии музднок) иҷро гардад. Ҳангоми ин шахс ё (ташкилот)-е, ки маҳсулотро насб кардааст, барои саҳеҳӣ ва сифати насбкунӣ (танзим) масъулият мебарад. Аз Шумо хоҳиш менамоем, ки ба насби дурусти маҳсулот ҳам бо мақсади фаъолияти боэътимоди он, ҳам барои дастрасии хизматрасонии кафолатӣ ва хизматрасонии ройгони сервисӣ диққати махсус диҳед. 8.

Ба шумо қотеона тавсия медиҳем, ки ҳамаи маълумоти дар ҳомили берунаи телефони мобилӣ ё дар дигар таҷҳизоти рақамии худ маҳфузбударо ба таври захиравӣ нусхабардорӣ намоед. 9. «Самсунг Электроникс Ко., Лтд.» барои зарари эҳтимолии аз истифодаи мустақим ё ғайримустақими маҳсулоти ба одамон, ҳайвонҳо ва амвол расонидашуда дар ҳолатҳои зерин масъулият намебарад: ОБРАЗЕЦ 55